Феврал 16, 2018 17:54 Asia/Dushanbe
  • Имзои тафоҳумномаи таъйини марзҳои Тоҷикистон ва Узбакистон

Марҳалаи нави музокироти таъйини марзҳои Тоҷикистон ва Узбакистон ва нишасти гуруҳи кории муштараки ду кишвар бо имзои як тафоҳумнома ба поён расид.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз пойгоҳи хабарии Авесто, ҳозирони ин нишаст, ки аз ҳафтум то шонздаҳуми феврал дар шаҳри Ҷиззахи Узбакистон баргузор шуд, масоили марбут ба таъйини ҳудуди бархе аз бахшҳои марзи муштараки ду кишварро баррасӣ карданд.

 Дар поёни ин нишаст масъулони коргуруҳи муштараки Тоҷикистон ва Узбакистон ёддошти тафоҳумеро имзо карданд.

 Тӯли марзи муштараки Тоҷикистон ва Узбакистон ҳудуди 1 333 километр аст ва ду тараф то ба ҳол дар бораи таъйини ҳудуди 1 240 километр ба тавофуқ расидаанд.

 Дар сафари наздикҳангоми Шавкат Мирзиёев-раисҷумҳури Узбакистон ба Тоҷикистон қарор аст тавофуқномаи марбут ба масоили марзӣ, миёни ду кишвар имзо шавад.