Феврал 17, 2018 12:11 Asia/Dushanbe
  • Мусодираи бахше дигар аз амволи вазири саноати пешини Тоҷикистон

Кормандони дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон иқдом ба мусодираи ду бӯстонсарои шахсии Зайд Саидов, фаъоли зиндонии бахши хусусии ин кишвар дар ноҳияи Варзоб, дар шимоли шаҳри Душанбе кардаанд.

Ба гузориши сайти “Ахбор”, ин афрод ба ҳамсари Зайд Саидов гуфтаанд, ин бӯстонсаро ба феҳристи амволи дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон замима мешавад ва агар шикояте дорад ба додгоҳ муроҷиа кунад.

Зайд Саидов ин ду бӯстонсароро дар замини ғайриқобили истифода дар соли 2013 қабл аз зиндонӣ шуданаш сохта буд, ки акнун мусодира шудааст.

Пештар бар асоси ҳукми Додгоҳи Олии Тоҷикистон, пас аз эъломи 29 сол маҳкумияти ин фаъоли бахши хусусӣ мақомот иқдом ба мусодираи меҳмонхона, чандин корхона ва манозили маскунии мутааллиқ ба вай ва хонаводааш карда буданд.

Зайд Саидов, фаъоли бахши хусусӣ ва вазири пешини саноати Тоҷикистон дар солҳои 1999 то 2006 аст, ки пас аз поён ёфтани масъулияташ дар вазоратхона, иқдом ба сохти марокизи тиҷории зиёде дар шаҳри Душанбе кард.

Вай пас аз он ки дар соли 2013 ҳизби сиёсии “Тоҷикистони нав” -ро таъсис кард, боздошт ва ба иттиҳоми ихтилоси молӣ ба 29 соли зиндон маҳкум шуд.

Вай, ки дорои маълулият низ ҳаст, дар ҳоли ҳозир дар зиндоне дар шарқи шаҳри Душанбе давраи маҳкумияти худро мегузаронад ва номашро дар феҳристи афроди “мойил ба фирор” қарор додаанд. Бисёре аз коршиносон дар дуруст будани ин иттиҳом ибрози тардид кардаанд.