Тоҷикистон зерсохтҳои гардишгариро тавсеа медиҳад
Тоҷикистон қасд дорад зерсохтҳои гардишгарии канорироҳиро тавсеа диҳад.
Ба гузориши сайти “Авесто”, мақомоти Кумитаи рушди гардишгарии Тоҷикистон дар нишасти хабарие дар Душанбе аз барномаҳои ин кумита барои тавсеаи зерсохтҳои гардишгарӣ барои ҷазби гардишгарони хориҷӣ ва дохилӣ хабар доданд.
Раиси Кумитаи гардишгарӣ ба хабарнигорон гуфт, бо ҳамкории корофаринон, аз ҷумла ширкатҳои мусофиратӣ дар ҳоли баррасии проектҳо барои эҷоди зерсохтҳои гардишгарии авлавиятдор ҳастанд.
Нуъмон Абдуғаффорзода афзуд, эҷоди зерсохтҳои туристӣ дар канори ҷоддаҳои аслӣ, шомили сервиси беҳдоштӣ ё дастшӯӣ, истироҳатгоҳ, фурӯшгоҳ, марокизи фурӯши ғизои омода, марокизи харид ва порк, аз ҷумлаи корҳое аст, ки имсол барномарезӣ шудааст.
Ба гуфтаи вай, қарор аст ҳотели “Хонаи Шикорчиён” дар минтақаи Ховалинг ва як осоишгоҳ дар шаҳри Норак сохта ва низ муҷтамаъҳои гардишгарӣ дар шаҳри Ваҳдат ва минтақаи Шаҳристон низ эҷод шавад.
Бар асоси гузориши Кумитаи рушди гардишгарии Тоҷикистон, соли гузашта 430 ҳазору 922 гардишгари хориҷӣ ба Тоҷикистон сафар кардаанд, ки ин теъдод 25 дарсад бештар аз соли 2016 аст ва пешбинӣ мешавад то соли 2020 теъдоди гардишгарони хориҷии ин кишвар ба як миллион нафар афзоиш ёбад.
Шаҳрвандони Русия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Арманистон, Украина ва Ӯзбакистон аз гардишгарони умдаи Тоҷикистон маҳсуб мешаванд.