Ҳифозати полис аз мактабҳои шаҳри Душанбе
Ба манзури таъмини амнияти донишомӯзон, ба дастури шаҳрдори Душанбе мактабҳои пойтахти Тоҷикистон таҳти назорат ва ҳифозати кормандони полис қарор гирифтааст.
Ба гузориши хабаргузории “Азия плюс”, бар асоси дастури Рустами Эмомалӣ аз аввали феврал полис аз мактабҳои шаҳри Душанбе нигаҳбонӣ мекунад.
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон эълом кардааст, кори ҳифозат аз мактабҳои пойтахтро хадамоти ҳифозатии “Муҳофиз”-и Вазорати умури дохилии Тоҷикистон анҷом хоҳад дод ва маоши кормандони он аз будҷаи шаҳр пардохт мешавад.
То кунун барои ҳифозат аз мактабҳои шаҳри Душанбе беш аз 200 корманди полис ҷазб шудаанд.
То ин замон нигаҳбонӣ аз мактабҳои шаҳри Душанбе бар ӯҳдаи афроди дигар ва ё ширкатҳои хусусӣ буд ва дастмузди онон аз волидайни донишомӯзон ҷамъоварӣ ва пардохт мешуд.
Пешгирӣ аз вуқӯи ҷурму ҷиноят дар маҳдудаи муассисоти омӯзишӣ ва атрофи он ва ҷилавгирӣ аз муноқишаҳои гурӯҳии донишомӯзон аз вазоифи кормандони полисе аст, ки барои ҳифозат аз мактабҳои Душанбе ҷазб шудаанд.
Бар асоси иттилоияи Вазорат умури дохилии Тоҷикистон, дар соли 2017 аз беш аз се ҳазор донишомӯз рафторҳои зиддииҷтимоӣ сар зада ва бар асари задухурд ва даргирӣ миёни донишомӯзони ин кишвар чанд тан низ кушта шудаанд.
Дар шаҳри Душанбе 144 мактаби миёна бо 190 ҳазор донишомӯз фаъолият мекунад.