Вазорати маориф фасодзадатар аз ҳамаи ниҳодҳо дар соли 2017
Ожонси назорати молӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон Вазорати маориф ва улумро фасодзадатарин ниҳоди ин кишвар дар соли 2017 унвон кард.
Ба гузориши хабаргузории “Форс” дар Душанбе, Абдулкарим Зарифзода, муовини аввали раиси Ожонси назорати молӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон тайи нишасти матбуотӣ гуфт, дар соли гузаштаи мелодӣ 70 маврид ҷароими марбут ба фасод дар миёни кормандони ин вазоратхона сабт шудааст.
Ин мақоми тоҷик идома дод, мавориди қобили таваҷҷуҳе аз иртикоби тахаллуф дар вазоратхонаҳои тандурустӣ (60 маврид), дохилӣ (57 маврид) ва амнияти миллӣ (27 маврид) низ ба сабт расидааст.
Маъмулан ҳамасола Вазорати маориф ва улум ва сохторҳои интизомӣ ва молии Тоҷикистон дар феҳристи фасодзадатарин ниҳодҳои ин кишвар қарор мегиранд.
Тайи соли 2017 ҳаддиақал 10 нафар аз кормандони Ожонси назорати молӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон низ ба ҷурми тахаллуф ва ришвахорӣ боздошт шудаанд.