Феврал 18, 2018 11:22 Asia/Dushanbe
  • Баррасии саҳмияи пазириши донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Русия

Дар Маркази улум ва фарҳанги Русия дар шаҳри Душанбе саҳмияи пазириши донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Русия, мавриди баррасӣ қароргирифт. Ба гузориши сойти “Спутник”, Игор Фларов, сафири Русия дар Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳамасола беш аз 4 ҳазор донишҷӯи тоҷик барои таҳсил ба донишгоҳҳои ин кишвар эъзом мешаванд.

Вай таъкид кардааст, ки ҳамакнун 8 ҳазор нафар аз донишҷӯёни тоҷик дар шӯъбаҳои донишгоҳҳои давлатии Маскав, Донишгоҳи иқтисод ва Донишгоҳи муштараки Русия ва Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, машғул таҳсили улум мебошанд. Ба гуфтаи вай, дар ҳоли ҳозир беш аз 20 ҳазор донишҷӯи тоҷик дар донишгоҳҳои Русия машғули таҳсил мебошанд. Аз дидгоҳи сафири Русия дар Тоҷикистон, омӯзиши донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳои Русия ва шӯъбаҳои ин марокизи омӯзишӣ, дар дохили ин кишвар бахше аз ҳамкориҳои роҳбурдии Маскав ва Душанбе мебошад, ки кумаки Маскав ба тоҷикҳо барои фарогирии улум ва фанновариҳои ҷадид ба ҳисоб меояд. Ҳамчунин Михаил Вождаев, намояндаи Созмони улум ва иртибототи Русия бо хориҷ, гуфтааст, ки барои соли таҳсилии 2018 ва 2019 ҳукумати ин кишвар қасд дорад барои донишҷӯёни довталаби тоҷик, 618 бурсия ихтисос диҳад, ки озмуни пазириши ин афрод дар ду марҳала баргузор хоҳад шуд.

Ба гуфтаи коршиносон ба назар мерасад, ки бо эъломи додани ҳаққи тобеияти Русия ба донишҷӯёни муваффақи хориҷӣ, имсол теъдоди донишҷӯёни тоҷики довталаби таҳсил дар дошншгоҳҳои ин кишвар афзоиш ёбад.