Феврал 18, 2018 14:05 Asia/Dushanbe
  • Тағйири номи шаҳри Қӯрғонтеппа ба Бохтар ва Сарбанд ба Леваканд

Дар иҷлосияи чаҳордаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо пешниҳоди давлат, номи шаҳри Қӯрғонтеппа ба Бохтар, шаҳри Сарбанд ба Леваканд ва ноҳияи Бохтар ба Кушониён тағйир дода шуд.

Ба гузориши сойти “Ховар”, ҳамзамон дар иҷлосияи Маҷлиси милли номи шаҳраки Восеъи ноҳияи Восеъ ба Ҳулбук, номи деҳаи Қурбоншаҳиди ноҳияи Восеъ ба Меҳробод, деҳаи Тошохӯри ноҳияи Ёвон ба Боғдара ва деҳаи Буднободи ноҳияи Ёвон ба Зарриндашт табдил шуд.

Пешниҳоди тағйири номи Қӯрғонтеппа дар даҳаи 80 милодӣ низ аз сӯи шуморе аз донишмандони саршиноси тоҷик, матраҳ шуда буд.

Шаҳри Қӯрғонтеппа, ки акнун номи Бохтарро ба худ гирифта, саввумин шаҳри бузурги Тоҷикистон бо беш аз садҳазор нафар ҷамъият аст, ки дар канори дарёи Вахш ва дар сад километрии шаҳри Душанбе қарор дорад.