Феврал 18, 2018 20:29 Asia/Dushanbe
  • Имзои тафоҳумномаи ҳамкорӣ дар бораи марзи байни Тоҷикистону Узбакистон

Нишасти коргурӯҳи муштараки Тоҷикистону Узбакистон дар бораи таъини ҳудуди  марзҳо бо имзои як тафоҳумнома ба поён расид.

Мақомоти Тоҷикистону Узбакистон дар нишасти рӯзи ҷумъаи худ дар шаҳри Ҷизоки ин кишвар, масоили марбут ба таъини қисмате аз марзҳои муштараки ду кишварро бо якдигар баррасӣ карданд .

Дар поёни ин нишаст, тафоҳумномае аз сӯи масъулони коргурӯҳи муштараки Тоҷикистону Узбакистон дар бораи густариши ҳамкориҳои марзӣ ба имзо расид .

Музокирот дар бораи таъини ҳудуди марзҳои Тоҷикистону Узбакистон аз ҳафтум то 16 феврал дар шаҳри Ҷизоки Узбакистон баргузор шуд .

Тӯли марзи муштараки Тоҷикистону Узбакистон ҳазору 332 километр аст ва дутараф то ба ҳол дар бораи таъини ҳудуди ҳазору 240 километр ба тавофуқ расиданд .

Дар сафари ояндаи наздики Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон ба Тоҷикистон, қарор аст, тавофуқномаи марбут ба масоили марзии миёни ду кишвар имзо шавад .

Бо фурупошии Шӯравӣ аҳаммият ёфтани масъалаи ҳокимияти миллатҳои даруни он, мушаххас кардани дақиқи марзҳои байни ин миллату кишварҳо аҳаммияти бисёр фаровоне ёфт .

Тоҷикистону Узбакистон аз ин шароит ранҷ мебаранд ва ба дунболи ҳалли мушкилоти марзии худ ҳастанд.

Гарчи музокироти марзӣ фароянде замонбару бисёр пуртаниш аст .

Дар ҳамин росто, гуфтугӯҳои марзии Тоҷикистону Узбакистон низ аз соли 2009 оғоз шуду ҳамчунон идома дорад .

Нигоҳе ба ин фароянди тӯлонӣ нишон медиҳад, ки бо вуҷуди тамоми пастию баландиҳо, Тоҷикистону Узбакистон тавонистаанд ба дарке нисбатан аз масъалаи марзии худ барисанд .

Ҳамчунин ин умед меравад, ки ду кишвар битавонанд дар тӯли солҳои оянда гомҳои мусбатеро барои ҳалли ин мушкил бардоранд.

Гомҳое, ки ҳадаф аз он суботбахшӣ ба минтақа ва дӯстии байни миллатҳо хоҳад буд .