Феврал 19, 2018 12:25 Asia/Dushanbe
  • Паёми таслияти раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлат ва миллати Эрон

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёме сониҳаи суқути ҳавопаймо дар Эрон ва ҷон бохтани теъдоде аз шаҳрвандонро ба давлат ва миллати Эрон ва хонаводаҳои бозмондагон таслият гуфт.

Ба гузориши дафтари матбуотии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин паём Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ва мардуми ин кишвар изҳори ҳамдардӣ кардааст.

Дар паёми таслияти Раҳмон аз ҷумла омадааст: “Фоҷеаи ҷон бохтани мардум бар асари суқути ҳавопаймои мусофирбарӣ дар устони Исфаҳони Ҷумҳурии Исломии Эрон боиси андӯҳи амиқи мо гардид. Бо изҳори ҳамдардӣ ва таслияти самимии хеш, ба наздикон ва пайвандони ҷонбохтагон сабри ҷамил хоҳонам”.

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ва масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо низ рӯзи якшанбе дар баёнияҳои ҷудогона суқути ҳавопаймои мусофирбарии Теҳрон-Ёсуҷро таслият гуфтанд.

Як ҳавопаймои ATR, мутааллиқ ба ширкати ҳавопаймоии “Осмон - Эйр” субҳи рӯзи якшанбе пас аз парвоз аз фурудгоҳи Меҳрободи Теҳрон ва тайи масир ба самти Ёсуҷ (ҷануби ғарби Эрон) дар минтақаи Денокӯҳи Самирум аз радар хориҷ шуд ва суқут кард.

Ҳамаи 66 сарнишини ин ҳавопаймо ҷон бохтанд.