Феврал 20, 2018 19:45 Asia/Dushanbe
  • Такзиби хабари боздошти бародарзодаи Саид Абдуллоҳи Нурӣ

Нусратулло Саидов, бародарзодаи Саид Абдуллоҳи Нурӣ дар як видео тасдиқ мекунад, ки ӯро баъди ёфт шудани парчамҳои ДИИШ барои пурсуҷӯ бурданд, вале як рӯз баъд озод карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, “Хатлон” – нашрияи расмии вилояти Хатлон нахустин мусоҳибаи видеоии Нусратулло Саидов, бародарзодаи Саид Абдуллоҳи Нурӣ, асосгузори ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ)-ро баъди раҳоияш аз боздошт нашр кард.

Қаблан бархе манобеи хабарӣ гузориш доданд, ки бародарзодаи Нуриро шоми 16 феврал баъди пайдо кардани 5 парчами сиёҳи монанд ба парчами созмони мамнӯи ДИИШ дастгир карданд.

Нусратулло Саидов гуфтааст, чанд рӯз пештар аз болои боми идорае, ки ҳамонҷо кор мекунад, якчанд байрақи ДИИШ-ро ёфтанд ва он одаме, ки ин корро кардагӣ аст, ӯро ҳам пайдо карданд. Албатта, барои фаҳмидан мо як рӯз пурсуҷӯ шудем, халос.