Феврал 24, 2018 13:28 Asia/Dushanbe
  • Сафари нахуствазири Тоҷикистон ба Ӯзбакистон

Нахуствазири Тоҷикистон барои ширкат дар иҷлоси комиссиюни байнидавлатӣ дар заминаи таъйин ва нишонагузории марзҳо имрӯз шанбе ба Ӯзбакистон сафар кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Қоҳир Расулзода бо ҳадафи ширкат дар ҷаласаи комиссиюни байнидавлатӣ дар заминаи таъйин ва нишонагузории марзҳои ин кишвар ва Ӯзбакистон ба шаҳри Фарғона сафар кард.

Чанде пеш нахуствазири Ӯзбакистон дар сафаре ба Тоҷикистон бо раиси ҷумҳур ва дигар мақомоти баландпояи ин кишвар дидор ва дар нишасти комиссиюни ҳамкориҳои иқтисодӣ ва таъйин ва нишонагузории марзи миёни ду кишвар ширкат кард.

Дар ин нишаст масъулони тоҷик ва ӯзбак тавонистанд дар заминаи баҳсбарангезтарин минтақаи марзӣ миёни ду кишвар яъне  нерӯгоҳи обӣ- барқии Фарҳод тавофуқ кунанд.