Феврал 25, 2018 13:10 Asia/Dushanbe
  • Амрико пойгоҳи низомӣ барои нерӯи зудамали Тоҷикистон сохт

Амрико пойгоҳи низомии нав барои нерӯи зудамали артиши Тоҷикистон дар минтақаи Фахрободи ин кишвар сохт.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, пойгоҳи хабарии Осиёи марказӣ эълом кард барои сохти ин пойгоҳи низомӣ 1.3 миллион доллар сарф шудааст.

Ин пойгоҳ дорои се бино бо синфҳои омӯзишӣ, ғизохурӣ, сарбозхона, воҳидҳои беҳдоштӣ ва дармонӣ аст ва барои 200 низомӣ пешбинӣ шудааст.

Бар асоси гузориши Сафорати Амрико дар Тоҷикистон, Доналд Трамп- раиси ҷумҳури Амрико дар охирҳои соли гузашта стратегияи амнияти миллии ин кишварро мунташир кард, ки дар он  нақши муҳимми кишварҳои Осиёи марказӣ дар таъмини сулҳи дарозмуддат ва пешрафти Афғонистон мавриди ишора қарор гирифтааст.

Дар гузориши Сафорати Амрико омадааст: Вашингтон пойбанд ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар ростои ҳимоят аз ҳокимият, амният ва суботи он дар минтақа аст.

Амрико тайи 26 сол ҳамкорӣ бо Тоҷикистон беш аз 1.8 миллиард доллар кумаки ҳадафманд барои иҷрои барномаҳои ҳимоятӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, беҳдошт, омӯзишу парвариш, тавсеаи ниҳодҳои демократӣ ва таъмини амният ихтисос додааст.