Сохти дувумин пули ҳавоии сесатҳӣ дар шаҳри Душанбе
(last modified Mon, 26 Feb 2018 07:22:06 GMT )
Феврал 26, 2018 12:22 Asia/Dushanbe
  • Сохти дувумин пули ҳавоии сесатҳӣ дар шаҳри Душанбе

Ҳамзамон бо оғози сохти дувумин пули ҳавоии сесатҳӣ дар шаҳри Душанбе ҳаракати васоили нақлия дар минтақаи Қаряи боло мутаваққиф шудааст.

Вазорати ҳамлу нақли Тоҷикистон дар сомонаи худ эълом кардааст, ки бо таваҷҷуҳ ба оғози кори сохтусози пули ҳавоии сесатҳӣ дар майдони Қаряи боло, дар чаҳорроҳи хиёбони Сомонӣ, хиёбони Абуалӣ ибни Сино, Нусратуллоҳ Махсум ва Маяковскийи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҳаракати мошинҳо аз имрӯз, 26-уми феврал мутаваққиф мешавад.

Ин дувумин пули ҳавоии сесатҳӣ дар шаҳри Душанбе хоҳад буд, ки дар чорчӯби тарҳи навсозии бузургроҳи Душанбе-Турсунзода бунёд хоҳад шуд.

Чунин як тарҳи мушобеҳро дар Тоҷикистон дар авохири июли соли 2016 ширкати чинии пул ва роҳсозӣ дар минтақаи 82-и шаҳри Душанбе оғоз кард.

Ин ширкат дар муноқиса барои интихоби паймонкор барои сохти пули сесатҳӣ дар чаҳорроҳи минтақаи 82 баранда шуд ва эъломи омодагӣ кард, ин корро бо ҳазинаи наздик ба 25 миллион доллар анҷом диҳад.

Тибқи барномарезӣ, ин тарҳ дар тобистони соли 2018 ба баҳрабардорӣ хоҳад расид.

Лозим ба зикр аст, ки барои ин тарҳ дар минтақаи 82-и шаҳри Душанбе Бонки аврупоии бозсозӣ ва тавсеа барои Тоҷикистон 35 миллион доллар вом ихтисос дода ва ҳамчунин ба унвони кумакҳои фаннӣ се миллион доллари дигар низ фароҳам кардааст.