Феврал 26, 2018 18:04 Asia/Dushanbe
  • Панҷакенти Тоҷикистон мизбони ҷашнҳои Наврӯз

Маросимҳои иди бостонии Наврӯз имсол 21 март дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғди Тоҷикистон бо ҳузури раисҷумҳури кишвар баргузор мешавад.

Ба нақл аз Форс, дар чорчуби таҷлил аз иди бостонии Наврӯз чандин сохтмон ва тарҳи иҷтимоӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.

Илова бар ин, маросими мухталифе дар 23 март дар шаҳри Бохтар ва дар 25 март дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе бо ҳузури раисҷумҳури Тоҷикистон ба муносибати иди бостонии Наврӯз баргузор мешавад.

Бино ба дастури Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе дар тамоми навоҳии шаҳр иди Наврӯз дар 21 март ҷашн гирифта мешавад.

Ҳамчунин дар рӯзҳои таҷлил аз ин иди бостонӣ шаҳрдори Душанбе мусобиқоти аспсавориро барои умуми мардум баргузор мекунад.