Феврал 28, 2018 11:55 Asia/Dushanbe
  • Муҳокимаи додгоҳии муҳоҷирони тоҷикистонии марзшикан дар Русия

Додситонии вилояти Тюмени Русия парвандаи шаш муҳоҷири тоҷикистонии марзшиканро барои судури ҳукми ниҳоӣ ба додгоҳ ирсол кардааст.

Ба гузориши хабаргузории русии “Тюменское линия”, ин шаш нафар шаби ҳаштуми октябри соли 2017 ба таври ғайриқонунӣ дар ҳоли убур аз марзи Қазоқистон ба Русия буданд, ки тавассути нерӯҳои марзбонии рус боздошт шуданд.

Мақомоти Русия муддаиянд, ин гурӯҳ аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки номҳои онҳо эълом нашудааст, иҷозаи сафар ба Русияро надоштанд.

Инак муҳоҷирони марзшикани тоҷикистонӣ дар интизори ҳукми ниҳоии додгоҳ ҳастанд, ки метавонад то шаш сол зиндон барои онҳо муқаррар кунад.

Ҳамасола беш аз як миллион нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон барои кори доимӣ ё мавсимӣ роҳии Русия мешаванд.

Ин дар ҳолест, ки шумори қобили таваҷҷуҳе аз ин афрод ба иллати нақзи қонунҳои муҳоҷиратии Русия зиндонӣ ё ихроҷ мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, созмонҳои мудофеи ҳуқуқи муҳоҷирин мегӯянд, мавориде низ сабт шуда, ки муҳоҷирони корӣ дар Русия, аз ҷумла тоҷикистониён ба ноҳақ боздошт ва муҷозот шудаанд.