Барномаи Тоҷикистон ва Қатар барои тавсеаи санъати гардишгарӣ
Сафири Тоҷикистон дар Давҳа ва директори сандуқи фарҳангии Қатар бар густариши ҳамкории ду кишвар дар заминаи гардишгарӣ таъкид карданд.
Ба нақл аз Ирно, Хисрав Соҳибзода, сафири Тоҷикистон дар Давҳа ва Холид Иброҳим Алсалитӣ, директори сандуқи фарҳангии Қатар дар ин дидор масоили марбут ба тақвияти бештари иртибототи фарҳангӣ миёни ду кишварро баррасӣ карданд.
Ошноии мутақобил бо зарфиятҳои гардишгарии ду кишвар ва ҳамчунин муаррифии саноеи дастии мардуми Тоҷикистон низ бахше аз барномаи ин дидор буд.
Дутараф ҳамчунин алоқамандии худро барои созмондеҳии барномаҳои мухталиф дар шаҳраки фарҳангии Қатар бо ҳадафи муаррифии “Соли тавсеаи гардишгарӣ ва саноеи дастии Тоҷикистон” эълом карданд.
Дар ин дидор, масоили марбут ба баргузории намоишгоҳи гардишгарӣ ва маҳсулоти саноеи дастӣ ва консерти гурӯҳҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Давҳа низ барраси шуд.