Феврал 28, 2018 19:55 Asia/Dushanbe
  • Оғоз ба кори дубораи роҳи оҳани Узбакистон бо Тоҷикистон

Узбакистон корҳои барқарор намудани қитъаи роҳи оҳани Ғалаба - Амузангро, ки Узбакистонро бо минтақаи ҷануби Тоҷикистон мепайвандад, ба анҷом расонид.

Ба иттилои Азия-Плюс, пагоҳ 1 март аз истгоҳи роҳи оҳани “Тирмиз”-и вилояти Сурхондарёи Узбакистон қатораи боркаш ба самти истгоҳи “Хошади”-и ноҳияи Шаҳритӯси вилояти Хатлон ба сафар мебарояд.

Ба муносибати барқарор шудани равуои қатораҳо тариқи ин қитъаи роҳ, дар сарҳад вохӯрии намояндагони мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ва соҳаи нақлиёти ҳарду кишвар баргузор мешавад.

Соли 2012 Узбакистон бидуни ҳеҷ огаҳие ба вайрон кардани қитъаҳои ин роҳ ба самти вилояти Хатлон оғоз кард.

Баъди ин Тоҷикистон баҳри пайвсат кардани роҳҳои оҳани вилояти Хатлон бо ҷаҳони беруна ба сохтмони роҳи оҳани Душанбе - Қӯрғонтеппа - Кӯлоб оғоз намуд.

Дар сохтмони ин роҳ қариб 500 миллион сомонӣ маблағ сарф шуда, он моҳи августи соли 2016 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.