Кӯдаки сесолаи тоҷик корбарони интернетро шигифтзада кард + видео
Март 01, 2018 12:16 Asia/Dushanbe
Писари сесолаи тоҷик аз ноҳияи Айнӣ бо дониши фавқуллодааш ҳамаро ҳайратзада кард.
Нуъмонҷон Хотирмурод бо он ки фақат се сол дорад, пойтахти ҳамаи кишварҳои дунёро медонад ва дар як видео пойтахти кишварҳои гуногунро бидуни иштибоҳ мегӯяд.
Ин видео, ки амӯи Нуъмонҷон онро дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир кардааст, ба яке аз пурбоздидтарин видеоҳо дар интернет табдил шудааст.