Март 01, 2018 16:53 Asia/Dushanbe
  • Кушта шудани шаш тоҷики узви ДИИШ дар шимоли Афғонистон

Сухангӯи волии вилояти Ҷузҷон дар шимоли Афғонистон, аз ба ҳалокат расидани 27 узви гурӯҳи террористии ДИИШ, аз ҷумла шаш шаҳрванди Тоҷикистон дар ин вилоят хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо аз Кобул, Муҳаммадризо Ғафурӣ эълом кард, ин теъдод бар асари инфиҷорҳои зудҳангоми кмарбандҳои интиҳорӣ  дар шаҳристони Дарзоби ин вилоят ба ҳалокат расиданд.

Даҳ нафар аз кушта шудагон шаҳрванди Узбакистон, шаш нафар тоҷик ва ду нафари дигар атбои фаронсавии гурӯҳи террористии ДИИШ буданд.

Се рӯзи пеш аъзои гурӯҳи террористии ДИИШ, ҳамалоти густурдаеро ба шаҳристони Дарзоб анҷом доданд; Аммо дарпайи муқовимати неруҳои амниятии афғон, ақибнишинӣ карданд.

 

Барчасп