Март 02, 2018 18:15 Asia/Dushanbe
  • Ҳазфи номи Кабирӣ аз феҳрасти Интерпол

Созмони мудофеи ҳуқуқи башари байналамилалии "Fair Trials" аз ҳазфи номи раиси Ҳизби мамнӯъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон аз феҳрасти афроди таҳти таъқиби Пулиси Байналмилалӣ хабар дод.

Ба гузориши сойти “Ахбор”, номи Муҳиддин Кабирӣ аз соли 2015 ба дархости мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар феҳрасти афроди таҳти таъқиби Пулиси Байналмилалӣ қарор дошт.

Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи Ҳизби мамнӯъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар гуфтааст, мақомоти Пулиси Байналмилалӣ бо ирсоли номае ба Кабирӣ аз ҳазфи номи ӯ аз феҳрасти афроди таҳти таъқиби ин ниҳод хабар додаанд. Ӯ таъкид кардааст, ин тасмим ба иллати собит нашудани иттиҳомоти эъломшуда аз сӯйи мақомоти додгоҳии Тоҷикистон мабнӣ бар даст доштани Кабирӣ дар терроризм гирифта шудааст.

Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон пас аз шикасти ин ҳизб дар интихоботи парлумонии соли 2015 аз ин кишвар хориҷ шуд ва соли 2016 дар Аврупо мақоми паноҳандагии сиёсӣ ба даст овард. Лекин теъдоди зиёде аз аъзои Шӯрои сиёсӣ ва фаъолони ин ҳизб ба иттиҳоми даст доштан дар ошӯби генерал Абдулҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифои Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли 2015 боздошт ва ба зиндон маҳкум шуданд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ин афрод ин иттиҳомро рад карда мегӯянд, мақомоти додгоҳии Тоҷикистон барои мамнӯияти фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ дар ин кишвар чунин иддаои беасосеро матраҳ мекунанд.