Тоҷикистону Ҳиндустон раванди равобиту ҳамкориҳоро баррасӣ карданд
Раванди ҳамкорӣ ва дурнамои рушди равобити Тоҷикистону Ҳиндустон дар дидори мақомҳои ду кишвар дар Деҳлии Нав, пойтахти Ҳиндустон мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.
Ба гузориши дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, дар дидори Мирзошариф Ҷалолов, сафири Тоҷикистон дар Ҳиндустон ва Роча Ганашём, муовини вазири умури хориҷии Ҳиндустон ду тараф бар тақвияти ҳамкориҳо дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорӣ ва сармоягузорӣ таъкид карданд.
Тоҷикистону Ҳиндустон аз соли 1992 бо ҳам равобити дипломатӣ барқарор кардаанд. Ҳаҷми мубодилоти тиҷории ду кишвар дар соли 2017 муодили 8,23 миллион доллар будааст. Ҳиндустон ҳамчунин фурудгоҳи низомии Айнӣ, воқеъ дар наздикии шаҳри Душанберо бозсозӣ кардааст.