Истиқболи 12 ҳазор донишҷӯ ва донишомӯзи  тоҷик аз Шавкат Мирзиёев
(last modified Sun, 04 Mar 2018 05:25:37 GMT )
Март 04, 2018 10:25 Asia/Dushanbe
  • Истиқболи 12 ҳазор донишҷӯ ва донишомӯзи  тоҷик аз Шавкат Мирзиёев

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон барои тамрини маросими истиқбол аз Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбакистон ба Душанбе дар рӯзи 9-уми моҳи марти соли ҷорӣ, 12 ҳазор донишҷӯ ва донишомӯзро омода кардааст.

Ба гузориши сойти “Топ Тҷ”, Нуриддин Саид, Вазири маориф ва илми Тоҷикистон ба далели муҳим будани нахустин сафари Шавкат Мирзиёев ба Душанбе, шахсан тамрин (маршировка)-и маросими истиқбол аз вайро таҳти назорат гирифтааст.

Бар асоси барномаи истиқбол аз раисиҷумҳури Узбакистон, ин теъдод донишҷӯ ва донишомӯз бо пӯшидани либосҳои миллӣ ва дар даст доштани парчамҳои Тоҷикистон ва Узбакистон бояд дар масири ҳаракати худравҳои ташрифотӣ, аз Шавкат Мирзиёев истиқбол кунанд. Мақомоти Тоҷикистон мӯътақиданд, ки сафари раисиҷумҳури Узбакистон ба ин кишвар ҳодисаи таърихӣ мебошад, ки оғози нуқтаи атфе дар равобити Душанбе ва Тошканд хоҳад шуд. Чанд рӯз қабл Абдулфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфта буд, ки ин сафар як дидори маъмулӣ нест ва мӯҷиби оғози фасли ҷадиде дар муносиботи ду кишвар хоҳад шуд. Зеро қарор аст, дар музокироти сарони Тоҷикистон ва Узбакистон беш аз 20 санади ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф имзо шавад ва заминаи рафту омади бидуни маҳдудияти шаҳрвандони ин ду кишвар ба ҷумҳуриҳои якдигар, фароҳам гардад.

Ин дар ҳоле аст, ки дар остонаи нахустин сафари Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон парвози ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ, ҳаракати қаторҳои роҳи оҳан ба қаламрави ин ду кишвар, аз сар гирифта шуд ва 10 гузаргоҳи марзӣ пас аз 8 сол баста будан, бозгушоӣ гардид.