Март 05, 2018 10:02 Asia/Dushanbe
  • Боздошти чаҳор афсари пулиси вилояти Суғд ба иттиҳоми шиканҷа

Чаҳор афсари пулиси вилояти Суғд ба иттиҳоим шиканҷаи як узви собиқи ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ), ки мӯҷиби худкушии вай гардид, боздошт шудаанд ва алайҳи онҳо парвандаи ҷиноӣ ташкил шуд.

Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, манобеи пулиси вилояти Суғд гуфтаанд, ки ин чаҳор афсар муттаҳам ба шиканҷаи Комил Хоҷаназаров, узви собиқи ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ мебошанд ва бозҷӯӣ аз онон оғоз шудааст.

Ин манобе гуфтаанд, ки илова бар иттиҳоми шиканҷа, ки мӯҷиби худкушии ин фард шудааст, ба ин афрод иттиҳоми берун рафтан аз ҳадди ваколати хидматӣ ва гирифтани пора низ ворид аст.

Дар сурати исботи ин иттиҳомҳо додгоҳ метавонад, ҳар як аз ин чаҳор нафарро ба 12 сол зиндон маҳкум кунад.

Комил Хоҷаназаров, ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ), қабл аз худкушӣ дар моҳи августи соли 2017, навори савтиро таҳия карда ва далели даст ба ин иқдом задани худро шиканҷа ва озору азияти кормандони пулиси вилояти Суғд эълом кардааст, ки баъдан ин навор дар Интернет мунташир шуд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли 2015 фаъолияти ҳизби наҳзати ислом (ҲНИТ)-ии ин кишварро ба иттиҳоми иртибот бо шӯриши генерал Абдуҳалим Назарзода, муовини вақти вазири дифои ин ҷумҳур мамнӯъ кард ва номи ин ҳизбро дар феҳристи гурӯҳҳои террористӣ қарор дод.

Мақомоти ҳизби наҳзати исломӣ дар хориҷ бо радди тамомии иттиҳомот мегӯянд, ки дар ду соли ахир беш аз 150 нафар аз аъзои ин ҳизб дар дохили Тоҷикистон ба зиндон маҳкум шудаанд.