Март 05, 2018 10:58 Asia/Dushanbe
  • Вокунишҳо ба изҳороти муовини нахуствазири Русия дар бораи коргарони муҳоҷир

Изҳороти муовини нахуствазири Русия дар бораи зарурати идомаи барномаи коҳиши теъдоди коргарони муҳоҷири хориҷӣ, бо вокуниши манфии коршиносон дар Тоҷикистон рӯбарӯ шудааст.

Ба гузориши хабаргузории “Интерфакс”, хонум Олга Голодетс гуфтааст, ки бояд барномаи коҳиши ҷазби коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар иқтисоди Русия идома ёбад ва шаҳрвандони ин кишвар ҷойгузини ин афрод шаванд.

Вай таъкид кардааст, ки дар бахши ҳамлу нақли умумӣ дар соли 2015 саҳми ронандагони муҳоҷири хориҷӣ 50 дарсад буд, ки акнун ба 28 дарсад ва дар тиҷорат аз 25 дарсад ба 15 дарсад коҳиш ёфта, ки дар оянда ин сиёсат идома хоҳад дошт.

Аммо Раҳмон Ӯлмасов, коршиноси масоили муҳоҷират дар Тоҷикистон мӯътақид аст, ки суханони муовини нахуствазири Русия дар маврди коҳиши теъдоди коргарони муҳоҷири хориҷӣ бепоя ва асос мебошад.

Ба гуфтаи Ӯлмасов қаблан раисиҷумҳури Русия аз коҳиш солиёна 1 миллион нафарии ҷамъияти ин кишвар ибрози нигаронӣ карда буд, ки нишон медиҳад, иқтисоди Русия бидуни коргарони муҳоҷири хориҷӣ қодир ба рушд нахоҳад буд.

Аз сӯи дигар бо афзоиши теъдоди тоҷикон дар Русия акнун ин афрод аз нигоҳи теъдод дар мақоми 8-ум дар миёни ақвоми сокин дар ин кишвар қарор гирифтаанд.

Неъматуллоҳ Мирсаидов, таҳлилгари тоҷик низ мегӯяд, ки мақомоти ҳукуматӣ дар Русия борҳо дар гузашта низ барои коҳиши теъдоди коргарони муҳоҷири хориҷӣ, аз ҷумла тоҷикон дар ин кишвар барномарезӣ карда буданд, ки баҷое нарсид. Ба ин далел, ки ин иқдом мӯҷиби афзоиши теъдоди коргарони муҳоҷири ғайримуҷоз дар Русия хоҳад шуд, ки бо паёмадҳои зиёди иҷтимоӣ ва хисороти молии сангин ба иқтисоди ин кишвар ҳамроҳ мебошад. Ҳамасола наздик ба 1 миллион нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон барои пайдо кардани ҷои кор ба Русия мераванд.