Август 28, 2016 10:17 Asia/Dushanbe
  • Обанбори нерӯгоҳи барқи обии

Коршиносони умури энержӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, обанбори нерӯгоҳи барқи обии дар ҳоли сохти "Роғун" ба тадриҷ, тайи 15 сол пур карда мешавад, ки ба ин навъ пур кардани обанбор барои кишварҳои поёноби минтақаи Осиёи Марказӣ мушкили камбуди об эҷод нахоҳад кард.

Ба иттилои сайти "Фарғона", дар ҳамоиши байналамилалии "Баррасии муқовимати садҳои Осиёи Марказӣ дар муқобили зилзила", ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, донишмандони зилзилашиноси тоҷик таъкид кардаанд, садди 335-метрии нерӯгоҳи "Роғун" ва обанбори он ба таври ҳамзамон эҳдосу обгирӣ мешавад ва ин мавзӯъ ба таври қатъӣ мӯҷиби буҳрони об дар минтақаи Осиёи Марказӣ нахоҳад шуд, зеро бо сохта шудани ҳар 30 метри садди ин нерӯгоҳ 28 метри обанбор пур карда шуда, кори сохтмони сад идома меёбад. Бо истифода аз ин равиш ҳам заминаи истеҳкоми ин сад фароҳам мешавад ва ҳам дар сол 2018 ду турбинаи нахустини нерӯгоҳи "Роғун" метавонад тавлиди барқро оғоз кунад.

Такмили тарҳи нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" барои Тоҷикистон аз аҳамияти роҳбурдӣ бархурдор мебошад, чунки дар ҳоли ҳозир дар ин кишвар солона наздик ба 17 миллиард кВт/с барқ тавлид мешавад, ки дар шаш моҳи сармо мақомоти ин ҷумҳурӣ маҷбур мешаванд, ба иллати коҳиши ҳаҷми оби дарёҳо ва аз кор бозмондани турбинаҳо дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ лимити истифодаи барқро роҳандозӣ намоянд. Аммо нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" бо шаш турбина аз зарфияти тавлиди 14 миллиард киловатт соат барқ дар сол бархурдор аст, ки ин турбинаҳо заминаи поён додан ба буҳрони камбуди барқро дар фасли сармо дар Тоҷикистон фароҳам мекунанд.

Дар нишасти серӯзаи байналамилалии "Баррасии муқовамати садҳои Осиёи Марказӣ дар муқобили зилзила" коршиносону таҳлилгарон аз Эрон, Афғонистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Русия, Амрико, Олмон, Нидерландия, Италия, Покистон, Ҳинд, Чин, Гурҷистон, Узбакистон, Қазоқистон ва Норвегия дар бораи садсозӣ ва масоили зилзила баҳсу табодули назар карданд.