Русия боз ҳам ба Тоҷикистон омӯзгор мефиристад
Вазорати маорифу улуми Русия дар соли хониши оянда ҳам омӯзгоронро барои тадрис дар мактабҳои русии Тоҷикистон хоҳад фиристод.
Ба нақл аз Sputnik, Олга Василева, вазири маорифу улуми Русия гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир 30 муаллими эъзомии забони русӣ дар мадориси Тоҷикистон барои як сол фаъолият мекунанд, ки қарордоди онон тамдид хоҳад шуд.
Вай ин матлабро дар посух ба дархости Абдурраҳмон Қодирӣ, муовини раиси Маҷлиси милли Тоҷикистон ва Имомуддин Сатторов, сафир кишвар дар Маскав иброз кард, ки хостори идомаи эъзоми муаллимони забон русӣ ба Душанбе шудаанд.
Қаблан сафири Тоҷикистон дар Маскав Имомуддин Сатторов гуфта буд, ки зиёда аз 18 ҳазор донишҷӯи тоҷик дар макотиби олии Русия таҳсил мекунанд ва тақрибан 7 ҳазор ҷавон дар филиалҳои донишгоҳҳои Русия дар Тоҷикистон таълим мегиранд.
Вазорати маорифу улуми Русия ин 30 муаллими эъзомии забони русӣ барои тадриси забони русӣ дар риштаҳои физика, химия, фанновариҳои ҷадиди иртиботӣ ва зистшиносӣ ба ин кишвар эъзом шудаанд.
Тарафи Тоҷикистон маскан ва ҳазинаи парвози омӯзгорони забони русиро таъмин кард.
Ин иқдом бо ҳадафи афзоиши кайфияти тадриси забони русӣ дар Тоҷикистон, афзоиши теъдоди мадориси русӣ дар ин кишвар ва таҳкими равобити илмӣ ва фарҳангии Маскаву Душанбе анҷом мешавад.