Тӯҳфаи идонаи шаҳрдори Душанбе ба бонувони роҳрӯби пойтахт
(last modified Tue, 06 Mar 2018 09:59:58 GMT )
Март 06, 2018 14:59 Asia/Dushanbe
  • Тӯҳфаи идонаи шаҳрдори Душанбе ба бонувони роҳрӯби пойтахт

Шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ фармон додааст, ки ба ҳар кадом аз занони роҳрӯб ва фарроши пойтахт ба муносибати Рӯзи Модар ва иди Наврӯз 1000 сомонӣ мукофот диҳанд.

Ба иттилои сомонаи шаҳрдории Душанбе, ба ин манзур аз буҷаи пойтахт 2 миллиону 920 ҳазор сомонӣ ҷудо карда мешавад.

Ин тӯҳфаҳо бояд то 6 март ба занони саҳим дар тозагию ободонии пойтахт супурда шаванд.

Шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ бо судури як фармон бо номи "Дар бораи ҷудо кардани маблағ” барои қадрдонии заноне, ки дар пойтахт ба роҳрӯбиву кабудизоркунӣ ва фаррошӣ машғуланд, 2 миллиону 920 ҳазор сомонӣ ҷудо кард.

Бино ба иттилои Азия-Плюс, дар идораҳои нигоҳубини роҳҳо ва хоҷагиҳои коммуналии Душанбе беш аз 2900 зан кор мекунанд.