Сафири Тоҷикистон дар Теҳрон: Хонаи ҳар як тоҷик хонаи ҷаҳонгардон аст
(last modified Tue, 06 Mar 2018 13:37:10 GMT )
Март 06, 2018 18:37 Asia/Dushanbe
  • Сафири Тоҷикистон дар Теҳрон: Хонаи ҳар як тоҷик хонаи ҷаҳонгардон аст

Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ёддоште муҳиммтарин ҷозибаҳои гардишгарии кишварашро муаррифӣ ва аз ҳама ҷаҳонгардон барои сафар ба Тоҷикистон даъват кард.

Неъматуллоҳ Эмомзода, сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ёддоште, ки онро барои интишор дар ихтиёри хабаргузории эронии “Меҳр” қарор дод, ба барномаҳои кишвараш барои ҷазби гардишгарони хориҷӣ ишора ва ибрози умедворӣ кард, то соли 2020 теъдоди ҷаҳонгардон дар ин кишвар ба беш аз як миллион нафар мерасад. Ӯ номгузории соли 2018-ро ба унвони Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз сӯйи раисҷумҳури Тоҷикистон иқдоми қобили таҳсин ва нишондиҳандаи таваҷҷуҳи Эмомалӣ Раҳмон барои боло бурдани ҷойгоҳи Тоҷикистон дар ин замина донистааст. Эмомзода таъкид кардааст, ба дунболи ин номгузорӣ хадамоти фурудгоҳӣ, меҳмонхона, осоишгоҳҳо, осори таърихӣ ва дигар зерсохтҳои марбут ба ҷаҳонгардӣ бо стандартҳои рӯз мутобиқ хоҳанд шуд. Ба навиштаи вай, дар ин муддат чандин асари таърихӣ, аз ҷумла қалъаи таърихии Ҳулбук, Тахти Сангин, Саразм, Қалъаи Ҳисор ва боғи миллии муҳитзистии “Помир”-и шаҳри Хоруғ дар феҳристи ЮНЕСКО сабт шудаанд, ки ин низ боиси афзоиши теъдоди ҷаҳонгардон дар ин маконҳо хоҳад шуд. Неъматуллоҳ Эмомзода афзудааст, риштаи ҷаҳонгардӣ дар Тоҷикистон марҳала ба марҳала ба яке аз бахшҳои даромадзои иқтисоди миллӣ табдил шуда ва барои ҷалби сармоя, коҳиши сатҳи фақр ва ғанӣ кардани буҷаи мамлакат муассир хоҳад буд.

Бар асоси номаи сафири Тоҷикистон дар Теҳрон, дар ҳоли ҳозир барои шаҳрвандони беш аз 80 кишвари ҷаҳон низоми осони таҳияи раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои шуда ва натиҷаи ин тадбири созанда афзоиши теъдоди ҷаҳонгардон дар се соли ахир ва расидани шумори онон ба 414 ҳазор нафар будааст. Сафири Тоҷикистон дар Эрон кишварашро «сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва меваҳои шаҳдбор» хонда, таъкид кардааст, ҳар гӯшаи Тоҷикистон бо иқлим, обу ҳаво, манзараҳои табиӣ, кӯҳҳои осмонхарош, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, дарёча ва чашмаҳои мусаффо, ҳайвоноту наботот ва одобу русуму вижагиҳои худ мутафовиту беназир аст.

Неъматуллоҳ Эмомзода дар поёни ёддошти хеш таъкид кардааст: «Оғӯши Тоҷикистон барои ҳамаи ҷаҳонгардони дунё боз аст. Ин сарзамин биҳишти дунёст ва хонаи ҳар як тоҷик хонаи шумост».