Сарбозгирӣ (ОБЛАВА)-2018 оғоз мешавад
Раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 12 март фармони оғози даъвати баҳории ҷавонони соли таваллудашон 1991-2000 ба хидмати ҳарбиро имзо кард.
Ба гузориши сомонаи Ахбор, Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 12 март фармонро"Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1991 – 2000 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ”ро имзо кард.
Бар асоси ин фармон, бояд дар моҳҳои апрел-май онҳое, ки мӯҳлати хидматашон ба поён расидааст, аз сафи артиш, нирӯҳои марзбонӣ, Горди миллӣ, қӯшунҳои дохилии марбут ба вазорати дохила, қӯшунҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва ... ҷавоб дода шавад.
Аз 1 апрел то 31 май ҳамзамон бо хуруҷи сарбозоне, ки мӯҳлати хидматашон ба поён расидааст, ҷавонони соли таваллудашон 1991 – 2000 аст ҷойи онҳоро пур кунанд.
Дар фармони Эмомалӣ Раҳмон омадааст: "Моҳҳои апрел то майи соли 2018 шаҳрвандони мард то рӯзи даъват ба синни 18 расидаанд ва ҳамчунин шаҳрвандони синни калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат даъват карда шаванд.”
Иҷрои ин фармон асосан ба вазорати мудофиа, раисони шаҳру ноҳияҳо ва раисони комиссияҳои даъват дар маҳалҳо супурда шуда, ҳамчунин аз вазорати тандурустӣ тақозо шудааст, ки барои муоинаи сарбозони оянда "табибону мутахассисони ботаҷрибаро сафарбар намояд.”
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз Вазорати фарҳанг, Кумитаи ҷавонон ва Кумитаи радио ва телевизион хостааст, то"омодагӣ ва рафти даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбиро ба таври васеъ инъикос намуда, хизмати ҳарбиро дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон тарғибу ташвиқ намоянд.”
Даъват ба сафи нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳар сол ду дафъа сурат мегирад.
Даъвати баҳорӣ аз 1 апрел то 31 май ва даъвати тирамоҳӣ аз 1 октябр то 30 ноябр давом мекунад.