Март 14, 2018 09:55 Asia/Dushanbe
  • Дархости Иттиҳоди Аврупо барои риояи озодиҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон

Дар шашумин нишасти Кумитаи ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон дар Брюссел, дурнамои муносиботи дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ба гузориши сомонаи дафтари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе, дар ин нишаст дар бораи барномаи ҷадиди роҳбурдии Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар ҳоли таҳия аст, баҳсу табодули назар шуд.

Мақомоти Иттиҳоди Аврупо дар ин нишаст таъкид кардаанд, ки барои Брюссел масоили ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон дар Тоҷикистон дар авлавияти ҳамкориҳои дуҷониба қарор хоҳад дошт. Зеро тайи солҳои ахир дар Тоҷикистон фазои фаъолияти ҷомеаи шаҳрвандии ин кишвар тангтар ва фишор бар аҳзоб ва гурӯҳҳои мухолифи давлати Душанбе бештар шудааст.

Ба далели аҳамияти мавзӯи ҳуқуқ ва озодиҳои сиёсӣ ва иҷтимоии шаҳрвандон дар ҳифзи субот ва амнияти баландмуддат дар Тоҷикистон, Иттиҳоди Аврупо хостори додани ҳаққи ибрози дидгоҳҳои сиёсии мардуми ин кишвар дар бораи масоили муҳими кишварашон шудааст.

Иттиҳоди Аврупо омодагии худро барои кумак ба раванди ислоҳоти демократӣ дар Тоҷикстон эълом кардааст.

Кумитаи ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикстон аз баргузории ҳамоиши минтақаӣ алайҳи терроризм ва ифротгароӣ дар моҳи майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе ҳимоят карда ва мусоидати ин кишварро барои барқарории сулҳ дар Афғонистон хостор шудааст.