Март 15, 2018 17:58 Asia/Dushanbe
  • Фаронса дар фурудгоҳи Душанбе бурҷи муроқибат месозад

Маросими гузоштани нахустин хишти бинои ҷадиди бурҷи муроқибат дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе, бо ҳузури сафири Фаронса ва мақомҳои тоҷик баргузор шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс” дар Душанбе, дар ин маросим Ясмин Гуедар, сафири Фаронса ва Лоиқ Ашӯров, мудир омили Ширкати ҳавопаймоии кишварии Тоҷикистон ҳузур доштанд.

Ашуров дар ин маросим, сохти ин биноро яке аз гомҳои муҳимми ҳамкорӣ миёни ду кишвар унвон кард ва афзуд, сохти ин бурҷи муроқибат ба пешниҳоди Тоҷикистон ва бо ҳимояти молии Фаронса ва ба ҳиммати ширкати Марк Мюнер (MARCMEUNIER) ин кишвар сохта мешавад.

Сафири Фаронса ҳам дар ин маросим сохти ин сохтмонро ҳадияи давлати Фаронса ба мардуми Тоҷикистон донист ва гуфт, ин бурҷ бо баландии 41 метр ва бо муқовамат дар баробари зилзилаи 9 рихтерӣ сохта мешавад.

Ясмин Гуедар афзуд, муддати иҷрои ин проект 15 моҳ аст ва барои сохти марҳалаи нахусти он, Фаронса 2.1 миллион евро ироа кардааст.

Икром Субҳонзода, раиси Ожонси ҳавопаймоӣ ва Шералӣ Ганҷалзода, муовини аввали вазири нақлиёти Тоҷикистон низ дар суханонӣ аз тарафи фаронсавӣ барои сармоягузорӣ ва сохти ин сохтмони муҳим қадрдонӣ карданд.

Ганҷалзода дар суханоне гуфт, ин бурҷи муроқибат амнияти парвозҳо дар минтақа бавижа дар фурудгоҳи шаҳри Душанберо таъмин хоҳад кард.

Тавофуқнома дар хусуси сохти бурҷи муроқибат дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе дар феврали соли 2013 милодӣ, миёни ду кишвар ба имзо расида буд.

Масъулияти иҷрои ин проект бар ӯҳдаи Ситоди марказии вазорати дифои Фаронса ва Ширкати ҳавопаймои кишварии Тоҷикистон аст.