Март 16, 2018 19:57 Asia/Dushanbe
  • Баррасии тавофуқномаи сафари бидуни раводид миёни Тоҷикистону Узбакистон дар Маҷлиси намояндагон

Қарор аст, Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи рӯзи душанбе, 19-уми март тавофуқномаи сафари бидуни раводид миёни Тоҷикистону Узбакистонро тасвиб кунад.

Ба гузориши “Авесто”, имрӯз намояндагони парлумони Тоҷикистон кори баррасии мувофиқатномаи сафари бидуни раводиди шаҳрвандони ин кишвар ва Узбакистонро оғоз карданд. Ин мувофиқатнома рӯзи 9-уми март дар ҷараёни сафари расмии Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон ба Душанбе имзо шуда буд.

Мувофиқатномаи сафари бидуни раводид миёни Тоҷикистону Узбакистон шомили 17 банд аст, ки тараддуди шаҳрвандони ду кишвари ҳамсояро ба муддати се моҳ танзим мекунад. Ин дар ҳолест, ки аз имрӯз, 16 март ва бо дастури раисҷумҳури Узбакистон низоми сафари бидуни раводиди шаҳрвандони Тоҷикистон ба муддати як моҳ ба Узбакистон ҷорӣ шудааст.

Хабари дигар аз равобити рӯ ба рушди Тоҷикистону Узбакистон анҷоми сафари нахустин гурӯҳи гардишгарӣ аз Душанбе ба шаҳрҳои Самарқанду Бухорост, ки имрӯз оғоз шуд. Сафари ин гурӯҳи сайёҳҳонро ду ширкати гардишгарии Тоҷикистон ба номҳои “Рахш таксӣ” ва “Скай тур” роҳандозӣ кардаанд.