Март 17, 2018 11:56 Asia/Dushanbe
  • Ширкатҳои гардишгарии Тоҷикистон боздид аз Афғонистонро имконпазир мекунанд

Мудири ширкати гардишгарии вилояти Бадахшони Тоҷикистон гуфтааст, дар сурати тамоюли гардишгарони хориҷӣ барои боздид аз Афғонистон, шароити ин сафар муҳайё аст.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, Шакар Қадамшоев дар ҳошияи Намоишгоҳи байналмилалии санъати гардишгарӣ дар Маскав, пойтахти Русия гуфтааст, чанд солест гардишгарони хориҷиро аз вилояти Бадахшони Тоҷикистон ба манотиқи амни Афғонистон мебаранд.

Бо таваҷҷуҳ ба алоқаи гардишгарони хориҷӣ ва ба вижа аврупоӣ ба Афғонистон, бо ҳамоҳангии масъулони ин кишвар ба гардишгарон имкон дода мешавад, вориди вилояти Бадахшони Афғонистон, ки наздики марзи Тоҷикистон ва дорои амнияти нисбӣ аст, шаванд.

Мардуми Афғонистон бисёр меҳмоннавоз ҳастанд ва аз сафари гардишгарони хориҷӣ истиқбол мекунанд.

Дар Намоишгоҳи байналмилалии санъати гардишгарӣ дар Маскав масъулони се ширкати гардишгарии Тоҷикистон ширкат ва барномаҳои худро муаррифӣ карданд.

Онон гуфтаанд, бо таваҷҷуҳ ба алоқаи шахсӣ ва бо ҳазинаи худ ба ин намоишгоҳ омадаанд то бо таваҷҷуҳ ба эъломи соли 2018 ба унвонии соли гардишгарӣ дар Тоҷикистон, ҷозибаҳои гардишгарии ин кишварро ба мардуми дигар кишварҳо муаррифӣ кунанд.