Март 21, 2018 19:36 Asia/Dushanbe
  • Тӯлонӣ шудани парвози ҳавопаймоҳои ширкатҳои тоҷикистонӣ ба Русия

Мақомоти Идораи ҳавопаймоии кишварии Русия ба ду ширкати «Тоҷик- Эйр» ва «Сомон – Эйр» дастур додаанд, барои парвоз ба шаҳрҳои Русия бояд ба дунболи интихоби масирҳои нав бошанд.

Ба гузориши хабаргузории «Азия плюс», дар идомаи зиёд шудани танишҳо миёни ширкатҳои ҳавопаймоии Русия ва Тоҷикистон бар сари парвозҳои нави ширкати русии «Уралские авиалинии», Маскав иқдом ба тӯлонитар кардани замони расидани ҳавопаймоҳои ширкатҳои тоҷикистонӣ ба ин кишвар кардааст.

Мақомоти Идораи ҳавопаймоии кишварии Русия гуфтаанд, ба далели ҳаҷми зиёди парвозҳо дар масирҳои қаблӣ, акнун бояд ду ширкати «Тоҷик – Эйр» ва «Сомон –Эйр» -и Тоҷикстон ба дунболи интихоби масирҳои нави парвоз ба шаҳрҳои Русия бошанд.

Ин амр боиси тӯлонитар шудани замони расидани мусофирон ба мақсад мешавад.

Қаблан барои расидан ба шаҳри Маскав, ширкатҳои тоҷикистонӣ ба чаҳор соат замон ниёз доштанд, ки акнун ин масир панҷ соат хоҳад буд.

Ҳамчунин замони парвоз ба шаҳри Санкт-Петербург 40 дақиқа тӯлонитар мешавад.

Бар ин асос, тамоми парвозҳои ду ширкати «Тоҷик –Эйр» ва «Сомон- Эйр»-и Тоҷикистон ба шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Қазон, Иркутск, Самара, Новосибирск, Оренбург, Красноярск, Екатеринбург ва Сургут бо замони бештаре анҷом хоҳад шуд.

Ихтилофоти тоза бар сари ҷадвали парвози ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ миёни Русия ва Тоҷикистон аз замоне оғоз шуд, ки Вазорати нақлиёти Русия аз рӯзи ҳафтуми марти соли ҷорӣ Тоҷикистонро ба муқобилаи ҳамсон таҳдид кард.

Баҳонаи Вазорати нақлиёти Русия ин буд, ки Тоҷикистон ба тааҳҳудоташ дар заминаи судури муҷаввиз барои парвозҳои ширкати «Уралские авиалинии» ба Душанбе ва Хуҷанд амал накардааст.

Ин дар ҳолест, ки Вазорати нақлиёти Тоҷикистон таъкид кардааст, Русия аз ин парвозҳо суди фаровони молӣ касб мекунад, ки ба зиёни тарафи тоҷикистонӣ аст.

Ба гуфтаи мақомоти Идораи ҳавопаймоии кишварии Тоҷикистон, 63 дарсад аз парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон дар инҳисори ширкатҳои ҳавопаймоӣ аз Русия аст.

Бештари коршиносон муътақиданд, боло гирифтани таниш миёни Маскав ва Душанбе бар сари ҷадвали парвози ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ сирфан ангезаи иқтисодӣ дорад ва манофеи молии ширкатҳои ҳавоӣ маншаи ин мушкилот аст.