Нигаронии Раҳмон аз гарм шудани ҳаво ва хисороти ворида ба Тоҷикистон
Раисҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасте дар Созмони Милали Муттаҳид бо унвони “Дар ҷустуҷӯи ҳамбастагӣ миёни обу энержӣ”, аз гарм шудани ҳаво ва хисороти ин падида дар кишвараш ибрози нигаронӣ кард.
Ба гузориши хабаргузории давлатии “Ховар”, Эмомалӣ Раҳмон дар ин нишаст гуфтааст, тайи 60 соли ахир ҳарорати ҳаво дар Тоҷикистон як дараҷа афзоиш ёфта ва хисороти фаровоне ба иқтисоди ин кишвар ворид кардааст.
Вай гуфтааст, тайи панҷ - шаш соли ахир бар асари гарм шудани ҳарорати ҳаво ва ҷорӣ шудани селу рониши замин дар Тоҷикистон, наздик ба 200 нафар ҷони худро аз даст додаанд.
Ба гуфтаи вай, хисороти ин ҳодисаҳои табиӣ ба иқтисоди Тоҷикистон беш аз 600 миллион доллар баровард шудааст.
Ин омил боиси об шудани пиряхҳои табиӣ дар кӯҳистонҳои Тоҷикистон мешавад, ки манбаи таъмини оби кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меояд.
Раисҷумҳурии Тоҷикистон таъкид кардааст, дар нерӯгоҳҳои обии ин кишвар дар ҳоли ҳозир солона 18 миллиард киловатт соат барқ тавлид мешавад, ки баробар бо се то чаҳор дарсад аз зарфияти тавлиди барқ аст.
Зеро Тоҷикистон дар сурати сохти нерӯгоҳҳои обии ҷадид аз тавони тавлиди солона беш аз 500 миллиард киловатт соат барқ бархурдор аст.