Март 26, 2018 08:26 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши ду баробари кирояи масири Душанбе – Панҷакент

Бо боз шудани гузаргоҳҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Узбакистон тайи як ҳафтаи ахир кирояи роҳи миёни Душанбе - Панҷакент, шаҳри ҳамарз бо Самарқанд ба ду баробар афзоиш ёфтааст.

Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, ба далели афзоиши теъдоди тоҷикони алоқаманд барои сафар ба Самарқанду Бухоро аз масири кӯтоҳи Душанбе – Панҷакент – Самарқанд акнун ронандагони таксӣ аз ҳар нафар 150 сомонӣ талаб мекунанд, ки ин рақам  қаблан 70 сомонӣ буд. Масири Душанбе – Панҷакент – Самарқанд дар муқоиса бо соири гузаргоҳҳои марзии миёни Узбакистону Тоҷикистон кӯтоҳтарин роҳ ба ҳисоб меояд ва ҳамин далел мӯҷиби афзоиши кирояи роҳ аз сӯйи ронандагони мусофиркашҳо шуда ва бо эътирози мардум рӯ ба рӯ шудааст. Барои мардуми Тоҷикистон сафар ба шаҳрҳои таърихии Самарқанд ва Бухоро, ки муштаракоти забонию фарҳангии зиёде бо тоҷикон доранд, аз аҳамияти зиёде бархурдор аст, ки ба назар мерасад, ронандагони таксиҳо аз ин омил барои касби суди фаровони молӣ истифода мекунанд.

Бо боз шудани 10 гузаргоҳи марзӣ миёни Тоҷикистону Узбакистон ва фароҳам шудани сафари 30-рӯзаи бидуни раводиди шаҳрвандони ин ду ҷумҳурии ҳамсоя ба кишварҳои якдигар дар пайи нахустин сафари Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон ба Тоҷикистон тайи рӯзҳои 9 ва 10 марти сол ҷорӣ рафтуомади мусофирон бо афзоиши қобили мулоҳизае рӯ ба рӯ шудааст.