Ҷаззобияти болотари Тоҷикистон аз Норвегия
Маркази таҳлилии “Турстат"-и Русия бар асоси омори соли 2017 феҳрасти 50 кишвари ҷаззоб барои гардишгарони ин кишварро мунташир карда, ки Тоҷикистон низ шомили ин феҳраст шудааст.
Ба гузориши хабаргузории “Ховар”, дар соли 2017 беш аз 116 ҳазор гардишгари рус ба Тоҷикистон сафар кардаанд ва гардишгарӣ дар ин кишвар дар муқоиса бо соли 2016 5 дарсад афзоиш ёфтааст. Тоҷикистон дар феҳрасти 50 кишвари ҷаззоб барои сафари гардишгарони Русия дар раддаи 40, болотар аз кишварҳое назири Норвегия, Дания, Шветсия, Венгрия, Қатар, Белгия, Ҷопон, Ҳонконг, Сингапур ва Молдив воқеъ шудааст. Дар ин гузориш аз кӯҳҳои Бадахшон, қалъаҳои Ҳисору Хуҷанд ва Ҳулбук, оромгоҳҳои Рӯдакӣ ва Мир Сайид Алӣ Ҳамадонӣ, Искандаркӯл, Ҳафткӯл, шаҳрҳои бостонии Саразму Карон, шаҳри Норак ва нерӯгоҳи барқи обии он ба унвони ҷозибаҳои гардишгарии Тоҷикистон ёд шудааст.
Чанде қабл ширкатҳои гардишгарии Тоҷикистон дар ҳошияи Намоишгоҳи байналмилалии саноати гардишгарӣ дар Маскав, пойтахти Русия эълом карда буданд, ки чанд сол аст, гардишгарони хориҷиро аз вилояти Бадахшони Тоҷикистон ба манотиқи амни Афғонистон мебаранд. Бо таваҷҷуҳ ба алоқаи гардишгарони хориҷӣ, бавижа аврупоиҳо ба Афғонистон бо ҳамоҳангии масъулони ин кишвар ба гардишгарон имкон дода мешавад, вориди вилояти Бадахшони Афғонистон, ки наздики марзи Тоҷикистон ва дорои амнияти нисбӣ аст, шаванд.