Март 28, 2018 20:38 Asia/Dushanbe
  • Сармураббии тими миллии футболи Тоҷикистон истеъфо дод

Сармураббии тими мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон Ҳаким Фузайлов пас аз бохт дар бозии даври охирини марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 узрхоҳӣ карду истеъфо дод.

Ба иттилои Акипресс, сармураббии мунтахаби миллии Тоҷикистон Ҳаким Фузайлов пас аз бохт дар бозии даври охирини марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 ба тими миллии Филиппин бо ҳисоби 1:2 ва маҳрум шудан аз ҳаққи ширкат дар қисми ниҳоии мусобиқа, истеъфо дод.

Фузайлов раҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон барои муҳайё намудани шароит барои кор ва омодагӣ ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 изҳори сипос намудааст.

"Дар он замоне ки ман сарвари дастаи мунтахаб будам, ҳамаи шартҳо — ҷамъомадҳои хориҷӣ, бозиҳои дӯстона – иҷро шуданд. Ҳама ба дараҷаи олӣ буд. Ташаккур барои ҳамкорӣ бо ФФТ ва бори дигар аз ҳамаи мухлисон маъзарат мехоҳам, ки интизории онҳоро ба ҷо оварда натавонистам. Хеле мутаассифам, ки ман вазифаи гузошташударо иҷро карда натавонистам".

Бозии ҳалкунандаи Ҷоми Осиё-2019 миёни тимҳои миллии Филиппин ва Тоҷикистон рӯзи сешанбе, 27-уми март, дар шаҳри Манила, дар Варзишгоҳи ба номи Хосе Ризал, баргузор шуд.