Март 29, 2018 11:28 Asia/Dushanbe
  • Муҳоҷират танҳо роҳи афзоиши ҷамъияти Русия

Маркази пажуҳишии масоили иҷтимоӣ ва пешбинии рушди ҷамъияти Русия эълом кард, танҳо роҳи афзоиши ҷамъияти ин кишвар вуруди коргарони муҳоҷири хориҷӣ аст.

Ба нақл аз Фарғона, ин марказ дар тозатарин таҳқиқоти худ гуфтааст, соли 2017 ҷамъияти Русия аз ҳисоби коргарони муҳоҷир, 211 ҳазору 900 нафар афзоиш ёфтааст, ки ин амр нишон медиҳад, танҳо роҳи ҷуброни камбуди ҷамъият, тавассул ба ин афрод хоҳад буд.  

Беш аз 203 ҳазор нафар аз маҷмуи 211 ҳазору 900 нафар аз коргарони муҳоҷир, ки муҷиби афзоиши ҷамъияти Русия дар 2017 шудаанд, шаҳрвандони кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил будаанд. Аз ин рӯ, Вазорати кишвари Русия низ эълом кардааст, ки дар авоили 2018 дар қаламрави Русия 1 миллиону 66 ҳазор нафар аз атбои Узбакистон, наздик ба 1 миллион нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон, 625 ҳазор қирғиз ва 486 ҳазор қазоқ ба унвони коргар бо иҷозатномаи расмӣ фаъолият мекунанд.  

Ахиран мақомоти Русия эълом карданд, ки дар ҳоли ба ҳадди ақал расондани мароҳили дарёфти тобеияти Русия барои атбои хориҷӣ аст, ки бо камтарин ҳазина ва дар муддати кӯтоҳ анҷом хоҳад шуд.