Имтиёзи дарёфти шаҳрвандии Русия барои низомиёни тоҷики Ситоди СПАД
(last modified Sat, 31 Mar 2018 14:00:45 GMT )
Март 31, 2018 19:00 Asia/Dushanbe
  • Имтиёзи дарёфти шаҳрвандии Русия барои низомиёни тоҷики Ситоди СПАД

Сухангӯи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ аз осонсозии дарёфти шаҳрвандии Русия барои низомиёни воҳидҳои размии вобаста ба ситоди ин созмон хабар дод, ки тоҷикон низ шомил он мешаванд.

Ба гузориши сойти Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, Владимир Зайнуддинов гуфтааст, ки ин созишнома ахиран аз сӯйи Шӯрои Федератсияи Русия ба тасвиб расид, ки роҳи дарёфти шаҳрвандии ин кишвар барои низомиёну хонаводаҳои ононро осон мекунад. Ӯ таъкид кардааст, ки илова бар осонсозии дарёфти тобеияти Русия барои ин афрод онон ва аъзои хонаводаҳояшон аз имтиёзоти ҳуқуқи бознишастагӣ (нафақа), бимаи дармонӣ ва омӯзиши ройгони фарзандонашон дар донишгоҳҳои Русия бархурдор хоҳанд шуд.

Тоҷикистон дар Ситоди фармондеҳии Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ду гурдон (батальон)-и амалиётӣ дорад, ки теъдоди дақиқи низомиёни ин ду воҳиди низомӣ мушаххас нест.

Маҳдӣ Собир, коршиноси масоили низомӣ дар Тоҷикистон гуфтааст, ки ин иқдоми Русия барои низомиёни тоҷик аз аҳамияти зиёде бархурдор мебошад, зеро мизони нафақаи низомиёни тоҷик дар муқоиса бо ҳамтоёни онон дар Русия ночиз мебошад. Ин ҳам дар ҳолест, теъдоди зиёде аз низомиёни тоҷике, ки шаҳрвандии Русияро доранд, аз ин кишвар нафақа мегиранд ва ҳатто бо манозили маскунӣ таъмин шудаанд.

Бар асоси бархе гузоришҳо, тайи 20 соли ахир наздик ба 500 ҳазор нафар аз тоҷикон муваффақ ба дарёфти тобеияти Русия шудаанд.