Апрел 01, 2018 18:31 Asia/Dushanbe
  • Раисҷумҳури Беларус ба Тоҷикистон сафар мекунад

Раисҷумҳури Беларус нимаи дувуми моҳи апрели соли ҷорӣ дар қолаби як сафари расмӣ вориди Душанбе, пойтахти Тоҷикистон мешавад.  

Александр Лукашенко, раисҷумҳури Беларус 15 ило 16 апрел дар қолаби як сафари расмӣ аз Душанбе боздид мекунад.

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон зимни эъломи ин хабар унвон кард: Ахиран Сироҷиддин Аслов, вазири хориҷаи Тоҷикистон ва Олег Иванов, сафири Беларус дар Душанбе дидор ва дар хусуси масоили марбут ба тавсеаи ояндаи таомулоти миёни ду кишвар баҳсу гуфтугӯ карданд.  

Омодагӣ ба боздиди расмии раисҷумҳури Беларус аз Тоҷикистон яке дигар аз мавзуоти муҳиме буд, ки дар ҷарёни ин мулоқот мавриди баррасии тарафайн қарор гирифт.  

Муҳаммадшарифи Ҳаққдод, сафири Тоҷикистон дар Минск чанде пеш баъди дидор бо Владимир Андриченко, раиси утоқи намояндагони Шӯрои милли Беларус аз роҳандозии намоишгоҳи ширкатҳои беларусӣ дар Тоҷикистон дар соли ҷорӣ хабар дод.