Апрел 01, 2018 19:40 Asia/Dushanbe
  • Русия парвози ҳавопаймоҳои ду ширкати тоҷикистониро мутаваққиф кард

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” эълон кард, ки Росавиатсия бо ирсоли як барқия 9 парвози ин ширкатро ба як қатор шаҳрҳои Русия "маҷбуран” қатъ кардааст.

Ба иттилои Фарғона, дар барқияи Росавиатсия гуфта мешавад, ки манъи парвозҳои ширкатҳои ҳавопаймоии тоҷикистонӣ – “Сомон Эйр” ва “Тоҷик Эйр” ба қаламрави Русия бо қарори Вазорати нақлиёти Русия дар паи аз ҷониби Вазорати нақлиёти Тоҷикистон тасдиқ нашудани дархостҳои ширкати ҳавопаймоии “Уралские авиалинии” бобати иҷрои парвозҳо дар қаламрави Тоҷикистон дар ҳаҷми пурра ҷорӣ мегардад.

“Тоҷик Эйр” гуфтааст, ки дар бораи қатъ шудани кадом парвози ин ширкат ба Русия ҳанӯз маълумот надоранд.

“Сомон Эйр” эълом кардааст, маблағи чипта ба ҳама мусофирони хатсайрҳои мазкур дар нуқтаҳои хариди онҳо баргардонида мешавад.

Вазорати нақлиёти Русия рӯзи 27 март мақомоти авиатсионии Тоҷикистонро расман хабардор карда буд, ки рӯзи 1 апрел иҷозатномаи парвозҳои ширкати “Сомон Эйр” дар масири Хуҷанд – Маскав ба поён мерасад. Вазорати нақлиёти Русия ба ин далел аз ҷониби Тоҷикистон даъват кард, ки то 1 апрел барои музокироти масоили ҷамъшуда ба Маскав ҳозир шаванд.

Мақомоти авиатсионии Тоҷикистон ахиран монеи оғози парвозҳои ин ширкат дар масири Перм -Душанбе шуда, барои парвозҳои он дар хатҳои Краснодар-Хуҷанд, Челябинск – Душанбе ва Жуковский – Кӯлоб низ иҷозат надоданд.

Ин боис шуд, ки вазорати нақлиёти Русия рӯзи 14 март бо интишори як баёнияи шадидуллаҳн мақомоти авиатсионии Тоҷикистонро ба поймол кардани тавофуқот айбдор кунанд. Маскав мақомоти Тоҷикистонро ба музокироти ин масъала дар таърихи 22 ё 23 март дар пойтахти Русия даъват кард ва гуфт, агар Душанбе то оғози ин музокирот ба тамоми парвозҳои "Уралские авиалинии” иҷозат надиҳад, алайҳаш чораҳои ҷавобӣ андешида хоҳанд шуд.

Аммо ҷониби Тоҷикистон гуфт, ки барои ин музокирот ҳанӯз омода нест ва агар Русия ба зидди ширкатҳои Тоҷикистон таҳрим ҷорӣ кунад, Душанбе низ айни корро хоҳад кард.