Азсаргирии фаъолияти фурудгоҳи Бохтар пас аз ҳафт моҳи таътил
(last modified Mon, 02 Apr 2018 12:30:19 GMT )
Апрел 02, 2018 17:30 Asia/Dushanbe
  • Азсаргирии фаъолияти фурудгоҳи Бохтар пас аз ҳафт моҳи таътил

Фурудгоҳи шаҳри Бохтар, маркази вилояти Хатлон пас аз 7 моҳи таътил фаъолияти худро аз сар гирифт.

Ба гузориши сойти “Авесто”, имрӯз ширкати ҳавопаймоии “Икар"-и Русия нахустин парвози худро аз фурудгоҳи Жуковскийи шаҳри Маскав ба фурудгоҳи шаҳри Бохтар анҷом дод, ки заминаи азсаргирии фаъолияти ин фурудгоҳро пас аз 7 моҳи таътил фароҳам кард.

Ба далели набудани мусофир фурудгоҳи шаҳри Бохтар ҳафт моҳ қабл фаъолияти худро мутаваққиф кард ва 100 корманди он ба мураххасии бидуни маош рафтанд, ки инак, бо оғози дубораи парвозҳо миёни ин шаҳру Русия тамоми онон ба маҳалли кори худ баргаштаанд. Дар нахустин парвози ҳавопаймои ширкати "Икар"-и Русия ба фурудгоҳи шаҳри Бохтар 35 мусофир аз Маскав ба Тоҷикистон омаданд ва дар парвози баргашт 100 нафар, ки аксаран коргарони муҳоҷир мебошанд, озими Маскав шудаанд. Бар асоси тавофуқи мудирияти фурудгоҳи шаҳри Бохтар бо ширкати ҳавопаймоии “Икар"-и Русия, акнун ҳафтае 4 парвози рафтубаргашт миёни маркази вилояти Хатлон ва шаҳри Маскав анҷом хоҳад шуд. Ба гуфтаи мақомоти фурудгоҳи шаҳри Бохтар, ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик эйр" низ иҷозаи анҷоми 10 парвоз аз маркази вилояти Хатлон ба Русияро дорад, аммо ширкати ёдшуда барои анҷоми ин парвозҳо ҳавопаймо надорад.

Фурудгоҳи шаҳри Бохтар аз маркази вилояти Хатлон 8 километр фосила дорад ва мудирияти он умедвор аст, ки бо оғози дубораи парвозҳо аз ин минтақа ба Русия ба теъдоди мусофирон, ки умдатан коргарони муҳоҷир мебошанд, афзуда хоҳад шуд.