Апрел 02, 2018 18:00 Asia/Dushanbe
  • Убури 10 ҳазор нафар аз марзҳои Тоҷикистону Узбакистон дар як рӯз

Мақомоти марзбонии Тоҷикистон аз убури 10 ҳазор нафар аз марзҳои муштараки ин кишвар ва Узбакистон дар тӯли як рӯз хабар доданд.

Ба гузориши хабаргузории “Азия плюс”, ҳамакнун дар 10 гузаргоҳи марзии миёни ин ду кишвар рӯзона 10 ҳазор нафар убур мекунанд ва ба далели фароҳам шудани заминаи сафари 30-рӯзаи бидуни раводиди шаҳрвандони Тоҷикистону Узбакистон ба кишварҳои якдигар теъдоди ин афрод афзоиш меёбад. Мақомоти марзбонии Тоҷикистон гуфтаанд, ки ба далели афзоиши хоҳишмандони сафар ба Узбакистон теъдоди кормандони гузаргоҳҳои марзии миёни ин ду кишвари ҳамсоя низ афзоиш ёфтааст, то рафтуомади ин афрод осон гардад.

Тоҷикистону Узбакистон дорои 16 гузаргоҳи марзӣ мебошанд, ки дар даврони раёсатҷумҳурии Ислом Каримов танҳо ду гузаргоҳ фаъол буд ва имкони сафар низ бидуни доштани раводид вуҷуд надошт. Аммо бо боз шудани 10 гузаргоҳи марзӣ миёни Тоҷикистону Узбакистон ва фароҳами шудани сафари 30-рӯзаи бидуни раводиди шаҳрвандони ин ду кишвари ҳамсоя ба кишварҳои якдигар дар пайи нахустин сафари Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон ба Тоҷикистон тайи рӯзҳои 9-10-уми марти соли ҷорӣ рафтуомади мусофирон, мошинҳои саворӣ ва боркаш бо афзоиши қобили мулоҳизае рӯ ба рӯ шудааст. Илова бар афзоиши рафтуомади бидуни раводиди шаҳрвандони Тоҷикистону Узбакистон ба муддати 30 рӯз ба кишварҳои якдигар дар шаҳру ноҳияи Исфара ва Конибодом низ бозорҳои фурӯши маҳсулоти ширкатҳои узбакистонӣ кушоиш ёфта, ки мӯҷиби коҳиши қиматҳо шудааст.