Апрел 04, 2018 08:56 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистониҳо бештарин зиндониёни хориҷӣ дар Русия

Муовини пешини раиси идораи зиндонҳои Русия гуфт, шаҳрвандони Тоҷикистон дар миёни шаҳрвандони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) бештарин шумори зиндониёнро дар ин кишвар ташкил медиҳанд.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, Солеҳ Шамсунов гуфт, дар ҳоли ҳозир дар зиндонҳои Русия беш аз 29 ҳазор зиндонии хориҷӣ давраи маҳкумияти худро мегузаронанд, ки 8 ҳазор нафар аз онон шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд.

Вай таъкид кардааст, ки ӯзбакистониҳо бо 6 ҳазору 262 зиндонӣ ва украиниҳо бо ҳазору 761 нафар пас аз Тоҷикистон дар ҷойгоҳҳои баъдӣ қарор доранд.

Дар маҷмуъ 618 ҳазору 490 нафар дар зиндонҳои Русия нигаҳдорӣ мешаванд, ки камтар аз 5 дарсади онон шаҳрвандони хориҷӣ ҳастанд.

Ба гуфтаи мақомоти қазоии Русия, 90 дарсад аз шаҳрвандони хориҷӣ дар зиндонҳои ин кишвар ба ҷурми қочоқи маводи мухаддир, қатл, дуздӣ ва ҷурмҳои ахлоқӣ маҳкум шудаанд.

Аммо Каримҷон Ёров, мудофеи ҳуқуқи коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия мегӯяд, теъдоди зиёде аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир боздошт ва зиндонӣ мешаванд.

Ёров дар айни ҳол афзуд, вале иддае ҳам бо иттиҳомоти сохтагӣ ба зиндон маҳкум шудаанд, ки ба далели бархурди шадиди мақомоти полис исботи бегуноҳии ин афрод дар додгоҳҳои Русия душвор аст.