Апрел 04, 2018 09:31 Asia/Dushanbe
  • Оғози содироти барқи Тоҷикистон ба Ӯзбакистон  - нишонаи эътимоди ду кишвар

Коршиноси руси масоили Осиёи Марказӣ оғози содироти барқи Тоҷикистон ба Ӯзбакистон пас аз 9 солро нишонаи барқарории эътимоди ин ду кишвари ҳамсоя номид.

Ба гузориши “Спутник”, Григорий Лукиянов гуфтааст, оғози содироти барқи Тоҷикистон ба Ӯзбакистон иқдоме сирфан иқтисодӣ набуда, балки натиҷаи тавофуқи сиёсии мақомоти ин ду кишвар аст.

Вай муътақид аст, Тоҷикистон бо қимати пешниҳодии Узбакистон (ду сент барои як киловатт соат дар тобистон ва 2.5 сент дар фасли зимистон) мувофиқат кардааст, ки ба маънои равшан будани дурнамои ҳамкории ин ду кишвар дар баландмуддат аст.

Ӯзбакистон дар соли 2009 ва дар даврони раёсати ҷумҳурии Ислом Каримов бо тахриби хати интиқоли барқи Тоҷикистон ба ин кишвар, аз шабакаи воҳиди барқи Осиёи Марказӣ хориҷ шуд, ки ин иқдом зиёнҳои фаровоне ба ҳар ду ҷумҳурӣ ворид кард.

Аз дидгоҳи Григорий Лукиянов, дар равобити дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон заминаи ҳамкориҳои зиёде дар бахшҳои энержӣ, ҳамлу нақл, иқтисод, тиҷорат ва гардишгарӣ вуҷуд дорад, ки бояд мавриди истифода қарор гирад.

Ба гуфтаи вай, ба таври мисол Тоҷикистон аз зарфияти содироти барқ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳатто хориҷ аз ин минтақа низ бархурдор аст.

Пас аз нахустин сафари Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон ба Тоҷикистон ва амалӣ шудани тавофуқи дуҷониба дар заминаи сафари 30- рӯза ва бидуни раводид (виза)-и шаҳрвандони ин ду кишвар, рафтуомади мусофирон ва мошинҳои мусофиркашу борӣ афзоиши назаррасе доштааст.