Апрел 04, 2018 10:51 Asia/Dushanbe
  • Раиси вилояти Хатлон ва писари вазири маориф - муттаҳамони нави дуздии осори илмӣ

Идомаи ифшогариҳои марбут ба дуздии осори илмӣ ин бор домани раиси вилояти Хатлон ва писари вазири маорифи Тоҷикистонро гирифт.

Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, пеш аз ин панҷ донишманди тоҷик ба дуздии матолиби дигарон ва истифода аз он барои рисолаи номзадии худ муттаҳам шуда буданд, ки ду нафар аз ин унвон маҳрум шуданд.

Ҳамакнун пойгоҳи байналмилалии мубориза бо дуздӣ ва тақаллуби осори илмӣ ба номи “Диссернет” иттиҳоми мушобеҳеро алайҳи Давлатшоҳ Гулмуҳаммадзода, раиси вилояти Хатлон ва Шоҳин Саидов, писари вазири маорифи Тоҷикистон матраҳ кардааст.

Ин пойгоҳ таъкид кардааст, ин ду нафар дар навиштани рисолаи номзадии худ дар риштаҳои ҳуқуқ ва иқтисод аз осори донишмандони рус ва тоҷик танҳо бо иваз кардани бархе вожаҳо ва таркибҳо истифода кардаанд, ки дуздии илмии ошкоре ба ҳисоб меояд.

Пас аз ин ифшогарӣ, ба донишгоҳҳои маҳалли таҳсили раиси вилояти Хатлон ва писари вазири маорифи Тоҷикистон тавсия шуд, ки ин ду нафарро аз унвони номзади илм маҳрум кунанд.

Дар рисолаи номзадии раиси вилояти Хатлон дар риштаи иқтисод 165 маврид дуздии илмӣ дида шуда ва дар рисолаи номзадии писари вазири маорифи Тоҷикистон дар риштаи ҳуқуқ, аз китобҳои панҷ донишманди рус бидуни зикри ном ва танҳо бо тағйири вожаи “Русия” ба “Тоҷикистон” истифода шудааст.

Пойгоҳи байналмилалии мубориза бо дуздӣ ва тақаллуби осори илмӣ (Диссернет) пеш аз ин панҷ донишманди тоҷикро ба дуздии матолиби дигарон ва истифода аз он барои рисолаи номзадии худ муттаҳам карда буд.

Ду тан аз ин донишмандон ба номҳои Зафар Тайфуров ва Назруллоҳ Амиров пас аз ифшо шудани ин мавзуъ аз дараҷаи илмии ҳуқуқ ва иқтисод маҳрум шуданд.

Пойгоҳи “Диссернет” муддаӣ аст, Назруллоҳ Амиров дар навиштани рисолаи илмии худ дар мавзуи “Рушди чорводорӣ дар Тоҷикистон” аз китоби хонум Н. З. Гончарова, донишманди рус дуздӣ карда ва танҳо таркиби “парвариши хук”-ро ба “парвариши гӯсфанд” ва “Русия”-ро ба “Тоҷикистон” тағйир додааст.

Ҳамчунин Шӯрои дифои рисолаҳои доктории Донишгоҳи Иммануил Канти кишварҳои соҳили баҳри Балтика бо баррасии дубораи рисолаи Зафар Тайфуров эълом кардааст, 86 дарсад аз матолиби ин асар дуздии илмӣ аст ва нависанда бояд аз унвони номзадии ҳуқуқ маҳрум шавад.

Рисолаи ин донишманди тоҷик дар бораи “Маҳрумият аз озодӣ дар Тоҷикистон” буд.

Шӯрои олии таъйиди рисолаҳои доктории Русия низ ин ду донишманди тоҷикро аз унвони номзадӣ маҳрум кард. Зеро қаблан тамоми рисолаҳои номзадии дифоъшуда дар Тоҷикистон бояд дар ин шӯро таъйид мешуд.