Аврупоиҳо нигарони таварруманд ё амният?
https://parstoday.ir/tg/news/world-i122870-Аврупоиҳо_нигарони_таварруманд_ё_амният
Порс Тудей - натоиҷи назарсанҷиҳои ҷадид ҳокӣ аз он аст, ки аксари фаронсавиҳо бовар доранд, кишварашон аз масири дуруст хориҷ шудааст.
(last modified 2025-11-12T11:07:01+00:00 )
Ноябр 12, 2025 16:02 Asia/Dushanbe
  • Аврупоиҳо нигарони таварруманд ё амният?

Порс Тудей - натоиҷи назарсанҷиҳои ҷадид ҳокӣ аз он аст, ки аксари фаронсавиҳо бовар доранд, кишварашон аз масири дуруст хориҷ шудааст.

Коршиносони сиёсӣ муътақиданд, таркибе аз бесуботии сиёсӣ, таварруму эҳсоси афзоиши ҷурму хушунат, эътимоди умумӣ дар Фаронсаро ба поинтарин сатҳ дар миёни кишварҳои аврупоӣ расондааст.

Ба гузориши Порс Тудей, охирин назарсанҷии муассисаи «Ipsos» дар 30 кишвари ҷаҳон нишон медиҳад, ки 92 дарсад аз фаронсавиҳо бовар доранд, кишварашон аз масири дуруст хориҷ шудааст. Бар ин асос, тақрибан аз ҳар 3 фаронсавӣ, як нафар низ мегуяд, ин раванд «ғайриқобили бозгашт» аст. Аммо Фаронса дар ин эҳсоси бадбинӣ танҳо нест. Ipsos эълом кард, ки мавҷи густардае аз бадбинӣ ва ноумедӣ дар саросари Аврупо, аз ҷумла дар Ҳоланд (83 дарсад), Маҷористон (80 дарсад), Олмон (77 дарсад), Италия (73 дарсад), Британя (73 дарсад) ва Шветсия (72 дарсад) дида мешавад, ба наҳве, ки аксари шаҳрвандони ин кишварҳои аврупоӣ муътақиданд кишварашон дар масири нодуруст ҳаракат мекунад.

Ба гуфтаи муассисаи Ipsos, дар чашмандозе васеътар, ҳазинаи зиндагӣ дигар авлавияти нахусти мардуми Аврупо нест. Бар ин асос, тобистони 2025 нуқтаи атфе дар феҳристи муҳимтарин дағдағаҳои шаҳрвандон дар кишварҳои мавриди баррасӣ тавассути муассисаи Ipsos башумор мерафт, чаро ки таварруму ҳазинаҳои зиндагӣ, ҷои худро ба ҷурму хушунат (33 дарсад) додаанд, ки акнӯн аслитарин нигаронии ҷаҳонӣ аст. Дар миёни кишварҳои аврупоӣ низ масаълаи амният бештарин нигарониро дар Фаронса (35 дарсад), Олмон (35 дарсад), Белгия (33 дарсад) ва бавижа дар Шветсия (57 дарсад) эҷод кардааст.

Бар ин асос, мардуми Маҷористон беш аз ҳар чиз нигарони вазъияти низоми беҳдошти умумӣ (63 дарсад) ҳастанд, дар ҳоле, ки кантроли муҳоҷират (44 дарсад) барои посухдиҳандагони британиёӣ муҳимтарин дағдаға ба шумор меравад. Дар ҳамин ҳол, хатари даргирии низомӣ дар Аврупо фаврияти бештаре ёфта ва акнӯн бо 3 дарсад афзоиш нисбат ба октябри 2024 дар ҷойгоҳи нуҳуми дағдағаҳои аслӣ қарор дорад. Полша бо нархи нигаронии 46 дарсадӣ, ин мавзӯро бузургтарин дағдағаи миллии худ медонад. Нигаронӣ аз ифротгароӣ низ ҳам дар Аврупо ва ҳам дар Иёлоти муттаҳида рӯ ба афзоиш аст ва ба рутбаи давоздаҳуми феҳристи дағдағаҳои аслии шаҳрвандон расидааст.