Поёни баҳси ҳавоии Русия ва Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i32190-Поёни_баҳси_ҳавоии_Русия_ва_Тоҷикистон
Вазорати нақлиёти Русия аз ҳалли ихтилофи парвозии ахир миёни ин кишвар ва Тоҷикистон дар пайи музокироти ҳайатҳои ду кишвар дар Маскав хабар дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Апрел 05, 2018 05:40 Asia/Dushanbe
  • Поёни баҳси ҳавоии Русия ва Тоҷикистон

Вазорати нақлиёти Русия аз ҳалли ихтилофи парвозии ахир миёни ин кишвар ва Тоҷикистон дар пайи музокироти ҳайатҳои ду кишвар дар Маскав хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории РИА –Новости, мақомоти ин вазоратхона гуфтаанд, ки бо тавофуқи Маскав ва Душанбе тамоми маҳдудиятҳои эҷодшуда барои парвози ширкатҳои ҳавопаймоии ду кишвар бекор шудааст ва авзоъ ба ҳоли оддӣ бармегардад.

Ба ин тартиб, парвозҳо миёни ду кишвар бар асоси ҷадвали қаблӣ ва бидуни маҳдудият анҷом хоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, ки Вазорати нақлиёти Русия ба тарафи тоҷикистонӣ ҳушдор дода буд, ки агар ба тааҳҳудоташ дар заминаи судури муҷаввиз барои парвозҳои ширкати “Уралские авиалинии” ба Душанбе ва Хуҷанд амал накунад, тамоми парвозҳои ду ширкати “Тоҷик Эйр” ва “Сомон Эйр” ба шаҳрҳои Русияро аз имрӯз, панҷуми апрел лағв хоҳад кард.

Ба гуфтаи мақомоти Вазорати нақлиёти Русия, ширкати ҳавопаймоии кишварии Тоҷикистон бо роҳандозии 4 парвози ҷадиди ширкатҳои ҳавопаймоии русӣ дар масирҳои Перм- Душанбе, Жуковский – Кӯлоб, Челябинск – Хуҷанд ва Краснодар– Хуҷанд мувофиқат кардааст.

Ихтилофи ҷадиди парвозӣ миёни Русия ва Тоҷикистон як моҳ тӯл кашида буд.