Баррасии роҳҳои пардохти қарзи ширкати “Барқи Тоҷик” ба нерӯгоҳи “Сангтӯда -1”
(last modified Thu, 05 Apr 2018 06:03:59 GMT )
Апрел 05, 2018 11:03 Asia/Dushanbe
  • Баррасии роҳҳои пардохти қарзи ширкати “Барқи Тоҷик” ба нерӯгоҳи “Сангтӯда -1”

Ҳайати давлатии Тоҷикистон ба раёсати Азим Иброҳим, муовини нахуствазири ин кишвар дар дидор бо мудирияти нерӯгоҳи обии “Сангтӯда-1”, ки саҳми он мутааллиқ ба Русия аст, роҳҳои пардохти қарзи ширкати “Барқи Тоҷик” ба ин нерӯгоҳро баррасӣ кард.

Ба гузориши хабаргузории “Азия плюс”, дар ин нишаст таъкид шуд, мизони қарзи ширкати “Барқи Тоҷик” ба нерӯгоҳи обии “Сангтӯда -1” дар ҳоли ҳозир беш аз 100 миллион доллар аст.

Ҳарчанд, ки дар соли 2017 ширкати давлатии “Барқи Тоҷик” бар асоси барномаи мавриди тавофуқи ду тараф бобати барқи харидоришуда аз нерӯгоҳи обии “Сангтӯда -1” 290 миллион сомонӣ пардохт кардааст, аммо дар соли 2017 мизони қарзи ин ширкат ба нерӯгоҳи “Сангтӯда -1” ба беш аз 100 миллион сомонӣ расида ва танҳо дар 3 моҳи нахусти имсол низ ба далели афзоиши содироти барқи Тоҷикистон ба хориҷ, ба ҳамин мизон афзоиш ёфтааст.

Нерӯгоҳи обии “Сангтӯда -1”, ки тарҳи муштараки Русия ва Тоҷикистон аст, дар соли 2008 ба баҳрабардорӣ расид ва 12 дарсад аз кулли барқи тавлидшуда дар нерӯгоҳҳои обии Тоҷикистонро ба худ ихтисос додааст.

Сабаби асосии афзоиши қарзи ширкати давлатии “Барқи Тоҷик” ба нерӯгоҳи обии “Сангтӯда -1”-ро коршиносон нотавонии бахши хонагӣ ва корхонаву ширкатҳои давлатӣ дар пардохти маблағ бобати истифода аз барқи масрафӣ унвон мекунанд.